Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Ҳуснӣ Муборак такроран бозрасӣ мешавад


Мурофиаи такрорӣ аз рӯи парвандаи раисиҷумҳури пешини Миср Ҳуснӣ Муборак, ки дар ҳалокати садҳо эътирозгарон дар тазоҳуроти ду соли пеш айбдор мешавад, рӯзи 11 май баргузор хоҳад шуд. Бозрасӣ бояд рӯзи шанбеи гузашта шурӯъ мешуд, аммо додраси додгоҳ истеъфо дод. Санаи нави мурофиаро Додгоҳи таҷдиди назар дар Қоҳира эълон кард.

Аз ин пеш додгоҳ ҳукм кард, ки Муборакро аз ҳабс раҳо кунад, зеро мӯҳлати боздошти ӯ ба охир расидааст. Аммо раисиҷумҳури собиқ дар маҳбас боқӣ мемонад, зеро ӯ дар дигар ҷиноёт ҳам айбдор мешавад.

Моҳи июни соли гузашта Ҳуснӣ Муборак барои ҷилавгирӣ накардан аз ҳалокати эътирозгарон ба ҳукми абад маҳкум гардид, аммо моҳи январ дар бораи бозрасии дубораи ин иттиҳом тасмим гирифта шуд. Ду сол пеш бар асари эътирозҳои мардумӣ Ҳуснӣ Муборак ба истеъфо рафт.
XS
SM
MD
LG