Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

34 кушта дар заминларза дар марзи Эрону Покистон


Бар асари заминларзаи шадид, ки дирӯз ҳарду ҷониби марзи Эрону Покистонро таккон дод, дар Покистон 34 тан ҷон бохта, 80 тан дар ин офати табиӣ ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамаи қурбониён дар шаҳри Машкили вилояти Балуҷистони Покистон сабт шудаанд. Хабаргузории расмии ИРНО хабар дод, ки мақомоти Эрон дар манотиқи марзӣ вазъи изтирорӣ ҷорӣ кардаанд, вале ҳанӯз ягон мавриди ҳалокат дар ҳудуди ин кишвар таъйид нашудааст. Телевизиони давлатии Эрон қаблан дар бораи ҳалокати 40 нафар гузориш дод, вале устондори устони Систону Балуҷистон баъдан гуфт, ки “касе қурбон нашудааст.” Маркази зилзиланигории Амрико шиддати ин заминларзаро тибқи ҷадвали Рихтер 7,8 балл баровард мекунад. Маркази зилзила шаҳри эронии Саровон, дар тақрибан 50-километрии марз бо Покистон будааст.
XS
SM
MD
LG