Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Бостон чун амали террористӣ таҳқиқ мешавад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, таркишҳои 15 апрел дар Марафони Бостон ҳамчун амали террористӣ таҳқиқ хоҳанд шуд. Обама ин бомбгузориҳоро “як амали нафратовар ва буздилона” номид, вале гуфт: “Ончӣ ки мо ҳанӯз намедонем, ин аст, ки ин ҳамларо кӣ ва чаро анҷом дод, оё он аз сӯи созмони террористии дохилӣ ё хориҷӣ тарҳрезӣ ва иҷро шудааст, ё амали дасти як фарди бадхоҳ буд. Таъқиби ҳар фарзия ва маълум кардани асли воқеъа вақт мехоҳад. Аммо мо пайдо хоҳем кард.” Дар ҳамлаҳои Бостон 3 нафар, аз ҷумла як кӯдаки 8-сола, кушта ва беш аз 170 тан маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳамларо раҳбарони ҷаҳон маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG