Тазоҳурот алайҳи пирӯзии Николас Мадуро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Венесуэла ба бархӯрд бо маъмурони пулис печид. Баъди ба муноқиша печидани тазоҳурот дар шаҳри Каракас, пойтахти Венесуэла, маъмурони пулис бо истифода аз гази ашковар, тазоҳургаронро пароканда карданд. Мақомоти интихоботии Венесуэла рӯзи душанбе эълом карданд, ки Николас Мадуро, вориси Ҳуго Чавез, раиси ҷумҳури пешин, дар интихоботи рӯзи якшанбе тақрибан 51 дар сад ва Энрике Каприлес, намояндаи мухолифин ва рақиби Мадуро 49 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Ҳуго Чавез, ки аз бемории саратон ранҷ мекашид моҳи март даргузашт. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Созмони Кишварҳои Амрикоӣ аз талаби Энрике Каприлес тарафдорӣ кардаанд, ки хостааст, орои интихоботро аз нав бишуморанд. Ӯ, Николас Мадуроро “раиси ҷумҳури номашрӯъ” хондааст. Аммо аз пирӯзии ин номзади Ҳизби Сотсиалисти ҳоким бар Венесуэларо, муттафиқони ин кишвар Эрону Русия ва Куба истиқбол кардаанд.