Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳавзаи Восеъ таблиғи номзадҳои интихоботӣ шуруъ шуд


Номзадҳо ба интихоботи миёндаврии ҳавзаи Ноҳияи Восеъ, ки барои курсии холишудаи Маҷлиси Намояндагон вориди корзор шудаанд, мегӯянд, ки марҳилаи таблиғу ташвиқи номзадҳо оғоз шудааст.

Раҷабаи Мирзо-рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва яке аз номзадҳо ба радиои Озодӣ гуфт, ки барои ҳамаи номзадҳо сарфи назар аз номзади ҳизби ҳоким ва ё ҳизбҳои дигар шароити баробар ва минбари баробар аз ҷониби Ҳавзаи рақами 29 Восеъ фароҳам оварда шудааст.

Вай афзуд, ки тибқи барномаи ҳазва ду рӯзи таблиғу ташвиқи барномаи номзадҳо бо интихобкунанадагон дар ноҳияи Восеъ анҷом ёфтааст ва интизор меравад, ки дар аввали ҳафтаи дигар дар ноҳияи Темурмалик низ оғоз шавад.
XS
SM
MD
LG