Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Качинский хостори ифшои ҳақиқати суқути ТУ-154 шуд


Ҳизби “Ҳуқуқ ва адолат”-и Лаҳистон дар сеюмин солгарди суқути ҳавопаймо дар канори шаҳри Смоленски Русия, ки дар он раисиҷумҳур Лех Качинский ба ҳалокат расид, дар Варшава раҳпаймоӣ доир намуд.

Раиси ин ҳизби мухолифи ҳукумати Лаҳистон Ярослав Качинский, бародари раисиҷумҳурии пешин, дар ҳузури ҳазорон ҷонибдоронаш бори дигар талаб кард, ки ҳақиқат дар бораи суқути ҳавопаймои ТУ-154 ифшо карда шавад. Бар пояи иттилои расмӣ, ҳавопаймо бар асари иштибоҳи халабонҳо ва диспетчерҳо ба замин сарозер шудааст, аммо Ярослав Качинский иддао дорад, ки суқути ТУ-154 амали тарҳрезишуда аст.

Ҳавопаймои ТУ-154, ки дар он ба ҷуз раисиҷумҳур ва хонумаш, ҳамчунин сиёсатмадорону низомиёни аршад ва ходимони ҷамъиятии Лаҳистон, дар маҷмӯъ 96 нафар буданд, 10 апрели соли 2010 ҳангоми фуруд омадан дар канори фурудгоҳи шаҳри Смоленск суқут кард. Ҳайати ҳукуматӣ мехост дар маросиме бахшида ба 70-солагии фоҷиаи Катин ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG