Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юрий Попов маълумоти хабаргузории Русияро иштибоҳ хонд


Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон.
Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон.
Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон бо пахши як баёнияи матбуотӣ дар сомонаи «Сафорати Русия дар Тоҷикистон», хабаригузории русии «Риа Новости»-ро, ки изҳори назари сафирро дар хусуси муносиботи Тоҷикистону Русия пахш кардааст, беасос ва иштибоҳ арзёбӣ кард. Сомонаи «Сафорати Русия дар Тоҷикистон» рӯзи 8-уми апрел бо пахши як баёнияи матбуотӣ, радияи сафири Русия Юрий Поповро дар хусуси хабари "Риа Новостӣ" чоп кардааст. Ҷаноби Попов зикр мекунад, ки хабаргузории РИА Новостӣ гуфтаҳои ӯро дар «Конфронси ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия", ки рӯзи 5-уми апрел баргузор шуда буд, таҳриф кардааст.

«Гӯё ман изҳор дошта бошам, ки дар рӯзҳои наздик Думаи Давлатӣ созишномаи Русияву Тоҷикистон дар хусуси «Интиқоли бебоҷи гумрукиии маводи сӯхт» ва баъдан тарҳҳои марбут ба гидроэнергетикаро ба тасвиб мерасонда бошад. Ин ба ақли солим рост намеояд»,- гуфтааст сафир Юрий Попов.

Ҷаноби сафир таъкид кард, ки дар робита ба масоили зикршуда изҳорот надодааст, зеро дар бораи вақти ба тасвиб расидани ин Созишномаҳо дар Думаи давлатӣ маълумот надорад. Попов аз хабаргузории РИА Новости даъват кардааст, ки бо хабарҳои бардуруғ хонандаҳои худро сардаргум накунад.
XS
SM
MD
LG