Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азми Навалний ба президентии Русия


Раҳбари мухолифини Русия Алексей Навалний аз қасдаш барои раҳбарии ин кишвар дарак дод. Ин ҳуқуқдони 36-сола, ки аз мунтақидони тунди раисиҷумҳури кунунии Русия Владимир Путин ба шумор меравад, ба телевизиони “Дожд” гуфт: “Ман мехоҳам президент шавам. Ман мехоҳам зиндагӣ ва низоми раҳбарӣ дар ин кишварро иваз кунам, коре кунам, ки 140 миллион сокини ин кишвар, ки нафту газ аз зери пояшон ҷорист, на дар чунин шароити фақру тангӣ, балки чун дар як кишвари аврупоӣ зиндагии хуб дошта бошанд.” Навалний гуфт, агар сари қудрат биояд, Путину соҳибкорони ба ӯ наздикро ба масъулият хоҳад кашонд. Ин изҳорот дар ҳолест, ки рӯзи 17 апрел додгоҳи худи Навалний бо иттиҳоми сирқат, ки ҳукмаш то 10 соли зиндон аст, шурӯъ мешавад. Худи ӯ ин парвандаро сиёсӣ меномад.
XS
SM
MD
LG