Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сергей Лавров ба Тошканду Ашқобод сафар мекунад


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ҳамин ҳафта ба Туркманистону Узбакистон сафар мекунад. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, Сергей Лавров рӯзи панҷшанбе бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳур ва Рашид Мередов, вазири умури хориҷии Туркманистон дар бораи “рушди ҳамкориҳои башарӣ ва иҷрои қарордодҳои мавҷуд дар ин арсаро” баррасӣ мекунад. Мақомот доир ба масъалаи харидории гази Туркманистон аз тарафи Русия, ки пайваста дар дастури кори мақомоти ду тараф будааст, чизе нагуфтаанд. Сергей Лавров рӯзи ҷумъа ба хотири ширкат дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои муштаракулманофеъ ба Тошканд сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG