Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон: Ба нозири интихоботӣ таҳдид кардаанд


Нарине Исмоилӣ
Нарине Исмоилӣ
Нарине Исмоилӣ-нозири интихоботии арманитабори амрикоӣ, ки дар бораи тақаллуб дар натиҷаҳои интихоботи 18 феврали раёсати ҷумҳурӣ изҳори назар карда буд, мегӯяд, ки мақомоти расмии давлат ба вай таҳдид кардаанд.

Нарине Исмоилӣ, ки дар бахши армании созмони ғайри давлатии Transparency International ё созмони Шаффофияти Байналмиллалӣ кор мекунад, рӯзи сешанбе гуфт, бозрасоне, ки ба шикояти вай дар бораи тақаллуби интиғобот расидагӣ мекард, ба вай занг задааст ва даъво кардааст, ки аксҳои маҳрамонаи вайро ба худаш тақдим хоҳад кард.

Ҷон Ҳефферн-сафири Амрико дар Арманистон 21 март дар сафорат бо Исмоилӣ мулоқот дошт ва изҳороте пахш кард. Дар он омадааст, ки ин қазияро вай хеле бодиққат назорат мекунад.

Шикояти Исмоилӣ сабаб шуд, ки натиҷаҳои интихобот дар шаҳраки Арташат ботил эълон шавад.
XS
SM
MD
LG