Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷмаъи умумии СММ паймони тиҷорати силоҳро тасвиб кард


Маҷмаи умумии СММ нахустин паймони танзимкунандаи тиҷорати байналмилалии силоҳро тасвиб кард.

Аз 193 узви Маҷмаъи умумӣ 154 кишвар ба ин паймон раъйи мувофиқ ва танҳо 3 кишвар – Кореяи шимолӣ, Сурия ва Эрон - раъйи мухолиф додаанд. Ин се кишвар буданд, ки ҳафтаи гузашта муштаракан монеъи ба тасвиб расидани паймони фурӯши силоҳ шуданд. Русия дар байни 23 кишваре буд, ки аз додани раъй худдорӣ кард.

Паймон беш аз 10 сол дар ҳоли таҳия қарор дошт ва фаъолону давлатҳо талош доштанд тиҷорати силоҳро танзим ва аз рафтани таслиҳот ба дасти террористҳо ва ҷинояткорон пешгирӣ кунанд. Ин паймон қоидаҳои истифодаи силоҳ дар дохили кишварҳоро фаро намегирад, вале аз кишварҳо мехоҳад, ки худ қонунҳои миллии танзими ҳамлу нақли силоҳро низ таҳия кунанд.

Ҳадафи аслии ин паймон, пешгирӣ аз тиҷорати ғайриқонунии аслиҳа эълом шудааст. Гуфта мешавад тиҷорати аслиҳа солона дар ҷаҳон 70 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ин паймон шомили аслиҳаи сабук то аслиҳаи вазнин чун ва тонк, ҳавопаймо ва киштиҳои ҷангӣ мешавад.

Бар асоси ин паймон, кишварҳои содиркунанда наметавонад бар хилофи мамнуиятҳо, аслиҳа содир кунанд ва аз аслиҳаи содиротӣ набояд барои наслкушӣ, ҷиноят алайҳи башарият, ҷиноятҳои ҷангӣ ва терроризм истифода шавfд. Ба илова ин, ширкатҳои тавлидкунандаи силоҳ бояд аз роҳ ёфтани тавлидоти худ ба бозори сиёҳ, ҷилавгирӣ кунанд.

Амрико, бузургтарин содиркунандаи аслиҳа дар ҷаҳон ба шумор меравад. Русия, Чин, Олмон, Бритониё ва Фаронса низ аз дигар содиркунандагони бузурги силоҳ ҳастанд. Чин ва Русия, ки аз тавлидкунандагони аслии аслиҳа дар ҷаҳон ҳастанд, аз ҷумлаи кишварҳое буданд, ки дар баробари Венесуэла, Боливия, Куба ва Никарагуа аз додани раъй худдорӣ карданд.

Шуморе аз кишварҳо аз ин паймон интиқод карда буданд, ки бештар ба нафъи давлатҳои содиркунандаи аслиҳа аст то давлатҳои воридкунанда.

Амрико, бузургтарин содиркунандаи аслиҳа дар ҷаҳон, ҳафтаи пеш эълом карда буд, ки аз ин паймон ҳимоят мекунад. Иттиҳодияи аслиҳаи миллии Амрико, гуруҳи лоббии қудратманди амрикоӣ, бо ин паймон мухолифат карда буд.

Ин иттиҳодия бо ин паймон мухолифат карда ва гуфтааст, ки талош хоҳад кард то аз тасвиби он дар Сенати Амрико пешгирӣ намояд. Иттиҳодияи аслиҳаи миллӣ мегӯяд, ин паймон, ҳуқуқи шаҳвандони Амрико барои доштани аслиҳаро маҳдуд мекунад. Давлати Амрико ин иддаоҳоро рад кардааст.

Эрон ҳам аз ин паймон интиқод кардааст, ки “пур аз хато ва роҳҳои фирор” аст. Кореяи шимолӣ низ онро нобаробар хондааст. Давлати Сурия ҳам аз ин паймон интиқод кардааст, чун ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, монеи мусаллаҳ шудани террористҳо ва ниҳодҳои низомии ғайридавлатӣ намешавад.
XS
SM
MD
LG