Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$14,85 миллион кумаки Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон


Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифт, 14,85 миллион доллар барои идораи захираҳои табиӣ ва такмили чораҳои бартарафсозии ҳолатҳои тағйири иқлим дар Тоҷикистон кумак кунад.

Ба таъкиди Марш Олив, намояндаи ин бонк дар Душанбе, «Тоҷикистон аз ҳодисаҳои табиӣ осебпазир аст ва дар қиёс ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз тағйироти иқлим вобастагии зиёд дорад».

Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ муътақид аст, ки кумаки мазкур имкон медиҳад, то оқибатҳои офатҳои табиӣ сабуктар гардад ва ҳамчунин, бехатарии озуқаворӣ дар кишвар таъмин шавад. Дар доираи ин лоиҳа чораҳои ташхису коркарди захираҳои мавҷуда роҳандозӣ мегардад.
XS
SM
MD
LG