Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се раҳбари Ота-Ҷурт маҳкум ба зиндон шуданд


Се вакили мухолифи қирғиз бо ҷурми талоши ғасби қудрат маҳкум ба зиндон шуданд. Додгоҳи Бишкек ду раҳбари ҳизби Ота-Ҷурт Қамчибек Тошиев ва Содир Ҷабборовро ба 18-моҳӣ ва Талант Мамитовро ба як соли зиндон маҳкум кард. Ин се вакили парлумон моҳи октябр барои нақшашон дар эътирозҳои хушунатомез дар Бишкек бо талаби миллӣ кардани кони тилои Қумтор дастгир шуданд. Додгоҳи онҳо аз 10 январ идома дошт. Ҳарсе гуноҳи худро эътироф накарданд. Ҳудуди 200 тан аз тарафдорони онҳо рӯзи ҷумъа қабл аз судури ҳукм бо пулис даргир шуда, талош карданд, ки вориди додгоҳ шаванд.
XS
SM
MD
LG