Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Амрико аз саркӯби созмонҳо дар Русия


Амрико аз кофтукоби созмонҳои ғайридавлатӣ дар Русия изҳори нигаронӣ кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Патрик Вентрелл гуфт, тасвиби қонуне, ки созмонҳои аз хориҷ кумакгирро “агенти хориҷӣ” таъбир мекунад, мояи нигаронӣ шуда буд, вале саркӯбиҳои ахир бар ин нигарониҳои доимии Вошингтон боз ҳам афзудааст. Аз ҳафтаи гузашта ба ин сӯ дар Русия садҳо созмони ғайридавлатӣ мавриди тафтиш қарор гирифтанд. Дирӯз аз ҷумла мақомот ба дафтарҳои Афви байналмилалӣ ва Ҷунбиши “Барои ҳуқуқи башар”-и Русия дар Маскав сар задаанд. Вазорати адлия гуфт, мехоҳад маълум кунад, ки оё таъмини молии ин созмонҳо аз хориҷ ҷавобгӯи қонуни соле пеш тасвибшуда ҳаст ё хайр.
XS
SM
MD
LG