Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бораи наҷоти молии Қибрис тавофуқ ба даст омад


Михалис Саррис-вазири молии Қибрис дар Бруссел
Михалис Саррис-вазири молии Қибрис дар Бруссел
Ҳукумати Қибрис ва қарздиҳандагони байналмиллалӣ дар бораи барномаи наҷоти молии Қибрис ба тавофуқ расидаанд. Бар асоси ин тавофуқот 10 миллиард евро қарз дар ихтиёри Қибрис гузошта мешавад.

Ҷонибҳо субҳи рӯзи душанбе дар бораи тавофуқоти худ дар Бруссел эъломияе пахш карданд ва интизор меравад, ки ин тасмим сабаби баста шудани дуввумин бонки бузурги Қибрис шавад.

Акнун ононе, ки бештар аз 100 000 евро ё 130 000 доллар дар бонкҳои Қибрис амонат гузоштаанд, чанд дарсади маблағи худро аз даст медиҳанд.

Чунин тасмим сабаби аз даст додани чанд дарсад аз дороиҳои бидуни замонати молии Русия низ мешавад.

Михалис Саррис-вазири молии Қибрис баъд аз ба даст омадани тавофуқот бо Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти хабарие дар Бруссел чунин гуфт:

“Ман бовар дорам, ки мо ҳам аз имкони варшикастагӣ пешгирӣ кардем ва ҳам сарнавишти насли ояндаро рӯшан сохтем”.

Ба Қибрис вақт дода буданд, ки то рӯзи душанбе дар бораи масъалаҳои молиаш ба тавофуқ расад ва ё Бонки марказии Аврупо сармоягузориро қатъ мекунад. Қатъи сармоягузорӣ ҳукуматро водор месозад, ки варшикастагии худро эълон кунад. Дар он сурат имкон дорад Қибрис аз минтақаи истифодаи пули евро хориҷ шавад.
XS
SM
MD
LG