Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздоштгоҳи Парвонро ба ихтиёри афғонҳо медиҳанд


Вазорати дифоъи Амрико мегӯяд, ки бо Афғонистон сари масъалаи ба ихтиёри нерӯҳои афғон додани боздоштгоҳи Парвон ба мувофиқа расиданд. Дар баёнияи вазорат омадааст, ки расми таҳвили масъулияти посбонии боздоштгоҳ, ки дар наздикии пойгоҳи ҳавоии Багром аст, рӯзи душанбе сурат мегирад. Чак Ҳагел, вазири дифоъи Амрико ва Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, рӯзи шанбе дар бораи ин масъала гуфтӯгу кардаанд. Қарор буд, ки интиқоли масъулияти посбонии боздоштгоҳи Парвон рӯзи 9 март сурат бигирад, аммо мақомоти амрикоӣ, аз бими онки баъди додани масъулияти посбонии боздоштгоҳ ба афғонҳо зиндониёни хатарнок озод мешаванд, ин корро ба таъхир андохт.
XS
SM
MD
LG