Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Покистон ба Мушарраф таҳдид карданд


Толибони Покистон ба Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар таҳдид кардаанд, ки агар барои ширкат дар интихобот ба Покистон баргардад, ӯро мекушанд. Аднон Рашид як ҷангҷӯи толиб, ки дар гузашта барои куштани Мушарраф талош кардааст, дар навори видеоие, ки рӯзи шанбе расонаҳо пайдо кардаанд, гуфтааст, “муҷоҳиддини Ислом гурӯҳи махсусеро барои фиристодани Парвиз Мушарраф ба дӯзах” омода кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, “ин гурӯҳи иборат аз маргталабону, снайперҳо ва воҳидҳои юришиву ҷангӣ омодаи сӯиқасд ба ҷони Мушарраф ҳастанд”. Парвиз Мушарраф, ки дар ҷанг алайҳи террор ба яке аз ҳампаймонҳои наздики Амрико табдил ёфт ва бо саркӯби тундравон дар Покистон дар ёдҳо мондааст. Ӯ, ки чаҳор сол боз дар Дубай ва Лондон зиндагӣ мекунад, ки барои ширкат дар интихоботи рӯзи 11 май, рӯзи якшанбе ба Исломобод бармегардад.
XS
SM
MD
LG