Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манзили Кристин Лагардро кофтукоб карданд


Кристин Лагард
Кристин Лагард
Дар манзили раиси Сандуқи байнулмилалии пул Кристин Лагард дар Порис кофтукоб сурат гирифт. Ин кофтукоб дар чаҳорчӯби тафтиши сӯиистифода аз мансаб замони фаъолияти ӯ дар мақоми вазири молияи Фаронса сурат гирифт.

Тафтиши нақши Кристин Лагард дар имзои созиши пардохти ҷубронпулӣ ба тоҷир Бернар Тапӣ - дӯсти раисиҷумҳури вақт Николя Саркозӣ ҳанӯз моҳи августи соли 2011 шурӯъ шуда буд. Ин созиш соли 2008 имзо шуда буд ва он пардохти 285 миллион евро ба дӯсти Саркjзиро дар назар дошт.

Ба иттилои Би-би-си, ин маблағ барои ҳалли моҷарои молиявӣ миёни ширкати Adidas ва Бонки Фаронса пардохт шуда буд.
XS
SM
MD
LG