Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиби Сурх ҳамкорияшро бо Тоҷикистон тақвият мебахшад


18 марти соли 2013 муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Амиршо Миралиев бо муовини сардори Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Каролине Доуиллез Садоуба, сардори дафтари намояндагии кумитаи мазкур дар Тоҷикистон хонум Северин Шаппаз ва котиби генералии ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов мулоқот кард.

Ба иттилои хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон, зимни ин вохӯрӣ Амиршо Миралиев бо намояндагони ин созмони байналмилалӣ роҷеъ ба фаъолияти парлумони кишвар гуфтугӯ карданд. Амиршо Миралиев гуфт, Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх яке аз созмонҳои бонуфузест, ки таи солиёни зиёд дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва мардуми кишвар аз кумаку дастгириҳои ин созмон сипосгузоранд.

Ба таъкиди Амиршо Миралиев, такмили бунёди қонунгузории сиёсати давлат дар таъмини ҳуқуқи иҷтимоии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки давлат аст ва бинобар ин, Маҷлиси намояндагон қонунҳои Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ», «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки барои ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон ва фаъолияти дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон хеле заруранд.

Сардори Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Каролине Доуиллез Садоуба бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои ҳукумати Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатии ин кишвар бо ин Салиби Сурх гуфт, онҳо ният доранд, ки дар оянда низ робитаҳои хешро тақвият бахшанд. Ба таъкиди хонум Каролине Доуиллез Садоуба, дар соли ҷорӣ ин созмон дафтари намояндагии худро дар манотиқи шимолу ҷануби Тоҷикистон таъсис медиҳад.
XS
SM
MD
LG