Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар бузкашӣ боиси ҳалокати 6 нафар шуд


Дар волусволии Имом-Соҳиби вилояти Қундуз, воқеъ дар шимоли Афғонистон, бар асари ҳамлаи як маргталаб ба мухлисони бузкашӣ дасти кам шаш нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Раиси полиси вилояти Қундуз Муҳаммад Халил Андаробӣ гуфт, ки дар ин ҳодиса падари раиси парлумони Афғонистон кушта ва раиси идораи полиси маҳаллӣ маҷрӯҳ шудаанд.

Бузкашӣ аз бозиҳои маъмулӣ дар шимоли Афғонистон маҳсуб мешавад. Масъулияти ҳамларо ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG