Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миёни Тоҷикистону Австрия андозбандии дуҷониба барҳам хӯрд


Имрӯз дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Ҳайнз Фишер-раиси ҷумҳури Австрия ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Дар поёни мулоқоти алоҳидаи ду раиси ҷумҳур ҳайатҳои ҳар ду ҷониб ба мулоқот пайвастанд ва дар интиҳои он Утоқи тиҷоратии Тоҷикистон бо Утоқи федеролии тиҷоратии Австрия қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд.

Дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, ки дар поёни ин сафар ҳамчунин протоколи иловагӣ ба Протоколи Конвенсия миёни Тоҷикистон ва Австрия оид ба канорагирӣ ва андозбандии дукарата ба тасвиб расидааст.
Боздиди раиси ҷумҳури Австрия аз Тоҷикистон ду рӯз идома меёбад.
XS
SM
MD
LG