Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Абхозистон ҳамкориҳоро баррасӣ карданд


Путин ва Анкваб
Путин ва Анкваб
Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия бо Александр Анкваб-раиси ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон мулоқот кард. Дар ин мулоқот роҳҳои ҳамкориҳои баъдӣ баррасӣ шуд. Кохи Кремл гуфт, дар оғози мулоқоти рӯзи сешанбе дар Маскав Путин ба Анкваб изҳор доштааст, ки вай мехоҳад “ба вазоифе нигоҳ кунад, ки онҳо метавонанд дар якҷоягӣ дар ояндаи наздик ба он даст ёбанд”.

Анкваб барои ҳимояти Кремл аз Абхозистон ба Путин изҳори ташаккур кард. Баъд аз ҷанги мухтасари моҳи августи соли 2008 Абхозистон истиқлоли худро эълон кард ва Русия онро ба расмият шинохт.

Хонум Мая Панҷикидзе-вазири корҳои хориҷаи Гурҷистон қабл аз оғози мулоқоти ду ҷониб аз он интиқод кард ва онро иқдоми зидди тамомияти арзии Гурҷистон номид.
XS
SM
MD
LG