Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миррих замоне ҳаёт вуҷуд доштааст


Ковишгари Curiosity дар Миррих
Ковишгари Curiosity дар Миррих
NASA ё Ожонси фазонавардии Амрико мегӯяд, намунаҳое, ки миррихпаймои Curiosity аз рӯи ин сайора бардоштааст, нишон медиҳад, ки дар гузаштаи дур дар ин сайора ҳаёт вуҷуд доштааст. Баъд аз 7 моҳи ба Миррих фуруд омадани ин ковишгар рӯзи сешанбе донишмандон натиҷаи бозёфтҳоро эълон карданд.

Дар моҳи дуввуми фуруд ковишгар, ки аз он бештар робот ном мебаранд, бо таҷҳизоти муносибкардаи худ, ки мисли дасти инсон аст, аз қаъри Миррих сангу хоки онро берун овард.

Донишмандони NASA мегӯянд, аз бозёфтҳои ин ковишгар ё миррихпаймо бармеояд, ки нишонаҳои ҳаёт, аз ҷумла нишонаҳои об, гили сафол ва мисли он замоне вуҷуд доштааст.

NASA мегӯяд, ки моҳи май ковишгар сангро мешикофад ва таркиби онро донишмандон меомӯзанд.
XS
SM
MD
LG