Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду ҷангҷӯ аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишин


Дар шаҳри Дата Хели Вазиристони шимолӣ, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишин ду ҷангҷӯ кушта шуданд. Дар ин бора кормандони хадамоти кашф ба бахши покистонии Радиои Озодӣ хабар доданд ва аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ карданд.

Ин аввалин зарбаи ҳавопаймои бесарнишин дар моҳи равон аст. Ҳадс зада мешавад, ки ҳамла аз сӯи ҳавопаймои бесрнишини амрикоӣ сурат гирифтааст.

Дар минтақаи қабиланишини Вазиристони шимолӣ шабакаи Ҳаққонӣ ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳ мустақар шудаанд. Шабакаи Ҳаққонӣ дар ҳамлаҳои хунбор ба сарбозони хориҷӣ ва нерӯҳои маҳаллӣ дар Афғонистон айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG