Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи вазоратхонаҳо дар Чин коҳиш меёбад


Мақомоти Чин дар бораи коҳиш додани вазоратхонаҳо ва таҷдиди назари сохторҳои давлатӣ тасмим гирифтанд. Қарор аст, вазорати нақлиёти роҳи оҳан, ки он ҷо солҳои ахир моҷароҳои пурсару садои марбут ба фасод рӯй доданд, аз байн бурда ва вазоифи он бар дӯши дигар ниҳодҳо вогузошта шавад. Ҳамчунин вазоратҳои тарҳрезии оила ва ҳифзи сиҳат муттаҳид карда мешаванд. Баъд аз ислоҳот дар Чин 25 вазоратхона боқӣ хоҳад монд.

Тарҳи ислоҳот дар ҳукумат рӯзи якшанбе, 10 март, дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони мардумии Чин эълон шуд. Ин тарҳ дар иҷлосия, ки дар Пекин то рӯзи 17 март идома мекунад, бояд пазируфта шавад.
XS
SM
MD
LG