Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жозе Моуриню дар «Реал Мадрид» мемонад


Жозе Моуриню - cармураббии дастаи футболи “Реал”-и Мадрид
Жозе Моуриню - cармураббии дастаи футболи “Реал”-и Мадрид

Сармураббии дастаи футболи “Реал”-и Мадрид Жозе Моуриню барои мавсими оянда дар ҳайати бошгоҳ мемонад.

Хабарҳо дар мавриди бекор шудани қарордоди Моуриню бо бошгоҳи «Реал»-и Мадрид дар чанд рӯзи ахир хеле зиёд гардида буданд. Гуфта мешуд, ки Флорентино Перес, президенти бошгоҳи «Реал», бо Моуриню дар мавриди пеш аз муҳлат қатъ гардидани қарордодаш маслиҳат кардааст ва дар ояндаи наздик сармураббии португалӣ бояд дастаро тарк гӯяд ва ба маблағи 10 миллион евро ҷуброн бигирад.

Сабаби ин қарорро ба натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста дар мавсими ҷорӣ вобаста медонистанд. Аммо баъди бозиҳои ахир, ки дастаи “Реал” пас аз ғолибият бар дастаи “Барселона” ба финали Ҷоми Испания баромад ва бо шикасти дастаи “Манчестер Юнайтед” ба чорякфинали Лигаи қаҳрамононҳо роҳхат ёфт, роҳбарияти бошгоҳ муносибаташро бо сармураббии даста тағйир дод ва қарор кард, ки бо ӯ ҳамкориро дар мавсими оянда низ давом медиҳад.

Худи Моуриню дар ин маврид чизе нагуфт ва фақат таъкид дошт, ки ягон вақте ба Англия бармегардад ва дастаеро аз премйер-лига роҳбарӣ мекунад.

Ба ҳайси яке аз ворисони эҳтимолии Моуриню сармураббии феълии дастаи миллии Олмон Йохим Лёвро ном мебурданд. Аммо президенти шарафманди “Реал” Алфредо дӣ Стефано зимни суханроние Моуринюро ҷонибдорӣ кард ва гуфт, “Худо кунад, ки Моуриню дар “Реал” бимонад. Ман Лёвро намешиносам, вале фикр мекунам, ки вай дар дастаи миллии Олмон низ хуб кор мекунад.”

Дар мавсими кунунӣ “Бошгоҳи шоҳона” дар мавқеи сеюми ҷадвали мусобиқаи футболи Испания қарор дорад, - хабар медиҳад ИтарТАСС. Дастаи “Реал Мадрид” нисбат ба тими “Атлетико Мадрид”, ки дар ҷои дуюм мебошад, ду имтиёз ва аз пешсафи ҷадвал “Барселона” 13 имтиёз камтар гирифтааст.
XS
SM
MD
LG