Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сифати роҳҳои Тоҷикистон 3,2 хол гирифт


Тоҷикистон дар раддабандии сифати роҳҳо дар миёни 114 кишвари дунё мақоми 98-умро касб кардааст.

Ин раддабандӣ аз ҷониби коршиносони Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ барои солҳои 2012-2013 гузаронида шудааст. Коршиносон сифат ва кайфияти роҳҳои 114 давлатро бо ҳам қиёс карда, ба ҳар як кишвар аз 0 то 7 хол баҳогузорӣ кардаанд.

Коршиносон ба роҳҳои Тоҷикистон 3,2 хол додаанд, ки аз баҳои бархе ҳамсоякишварҳо болотар аст. Масалан, Қирғизистон дар ин раддабандӣ 2,5 хол гирифта, дар ҷои 115-ум ва Қазоқистон бо 2,3 хол дар ҷои 117-ум қарор дорад.

Сифати роҳҳои Молдова миёни кишварҳои ИДМ аз ҳама бадтар буда, ин кишвар 1,5 хол гирифтааст. Аммо Озарбойҷон дар ин баҳодиҳӣ 4 хол гирифта, бо сифати хуби роҳҳояш дар миёни кишварҳои ИДМ мақоми аввалро соҳиб шудааст.

Тибқи раддабандии мазкур беҳтарин роҳҳоро дар ҷаҳон Фаронса, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Сингапур доро будаанд, ки ҳарсеи ин кишвар дар ин баҳодиҳӣ 6,5 хол гирифтаанд.

Португалия, Оман, Швейтсария, Австрия, Гонконг, Финляндия ва Олмон дар қатори дар даҳ кишваре ҷой гирифтаанд, ки беҳтарин роҳҳоро доро ҳастанд.
XS
SM
MD
LG