Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Су Чжи аз парокандагӣ дар ҳизбаш


Раҳбари мухолифини Мянмар, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Аун Сан Су Чжи хостории муттаҳидии аъзои ҳизбаш - “Лигаи миллӣ барои демократия” шуд. Ӯ дар рӯзи дуввуми Конгресси ҳизб, ки ба хотири омодагиҳо ба интихоботи парлумонии соли 2015 даъват шудааст, суханронӣ кард. Хонум Су Чжи аз раҳбарони ҳизб, ки бештарашон пиронсоланд, даъват намуд то барои сиёсатмадорони ҷавон роҳ кушоянд.

Су Чжи беш аз даҳ сол таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт ва фақат баъд аз ислоҳоти демократӣ ва аз қудрат канор рафтани низомиён ба майдони рақобатҳои озоди сиёсӣ баргашт.
XS
SM
MD
LG