Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Исфара раиси маҳаллии Ҳизби Наҳзат аз ҳабс раҳо шуд


Абдуманнон Содиқов -раиси созмони ибтидоии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар деҳаи Сурхи ноҳияи Исфара аз ҳабси 15 рӯза раҳо шуд. Дар ин бора Наимҷон Самиев-раиси Бахши вилоятии Ҳизб дар вилояти Суғд 8 март ба радиои Озодӣ хабар дод.

Содиқов барои муноқиша бо намояндагони Шӯрои ҷамоати деҳа ба майдаавбошӣ гунаҳкор дониста ва ба ҳабси 15 рӯза маҳкум шуда буд.

Абдуманнон Соддиқов 15 рузи давраи ҷазоро дар шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Исфара гузарондааст.
XS
SM
MD
LG