Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ аз тарҳи лулаи гази Эрон ҷонибдорӣ кард


Pakistan - Asif Ali Zardari, President of Pakistan, 23Sep2009.
Pakistan - Asif Ali Zardari, President of Pakistan, 23Sep2009.
Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон аз тасмими ҳукумати ин кишвар дар мавриди ширкат дар сохтмони лулаи гази Эрон ҷонибдорӣ кард.

Вай зимни суханони худ дар Лоҳур ба рӯзноманигорон гуфт, сохтмони ин лулаи газ манофеи миллӣ дорад, мисли ин ки бо Чин дар мавриди фаъолияти бандари Гавадар қарордод имзо шуда буд.

Ин суханонро Осиф Алӣ Зардорӣ баъд аз боздидаш аз Эрон изҳор дошт. Вай дар аввали ҳафта аз Теҳрон боздид ва дар мавриди такмили сохтмони ин лулаи газ музокироти ниҳоӣ анҷом дод.

Аммо Амрико бар зидди сохтмони ин лулаи газ мебошад ва барои барномаҳои зиддунақизи ҳастаӣ мехоҳад Эронро дар муҳосираи иқтисодӣ қарор диҳад. Раҳбарони Покистон эълон кардаанд, ки бо вуҷуди мухолифати Амрико мехоҳанд ин тарҳ амалӣ шавад, зеро барои кишварашон таъмини энержӣ муҳим аст.
XS
SM
MD
LG