Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Иттиҳоди Шӯравии пешин 82 сола шуд


Михаил Горбачёв
Михаил Горбачёв
Михаил Горбачёв-раҳбари Иттиҳоди Шӯравии пешин 2 март 82-мин солгарди зодрӯзашро ҷашн мегирад. Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ба ин муносибат ба вай номаи шодбош фиристод ва барои саҳмаш дар Перестройка ва Гласность дар ҷомеаи Русия изҳори сипос кард.

Горбачёв то ҳол ба таври фаъол аз ҳуқуқи башар дифоъ мекунад ва яке аз мунаққидони асосии раҳбарияти Русия, аз ҷумла Владимир Путин, ба шумор меравад.
Вай аз Путин барои он интиқод мекунад, ки кишварро аз муқаррароти демократӣ дур мебарад.

Горбачёв моҳи марти соли 1985 ба раҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ омад ва аз моҳи марти соли 1990 то моҳи декабри соли 1991, яъне то замони фурӯпошӣ раиси ҷумҳури Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
XS
SM
MD
LG