Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду шаҳрванди Афғонистон дар Душанбе


Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ду узви як гурӯҳеро боздошт кардаанд, ки солҳои тӯлонӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон маводи мухаддир қочоқ мекарданд. Дар баёнияи расмии Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон, ки имрӯз нашр шуд, омадааст, ки боздоштшудаҳо шаҳрвандони Афғонистон ва зодагони вилоятҳои Қундуз ва Тахор ҳастанд, ки дар Душанбе иқомат мекарданд ва дар ҳаминҷо дастгир шуданд. Зимни амалиёт ба гуфтаи оҷонсӣ аз ин шаҳрвандони кишвари ҳамсоя бо панҷ кило ҳероин гирифтаанд, ки зоҳиран дар яке аз коргоҳҳои тавлиди ҳероин дар шимоли Афғонистон тавлид шудааст. Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, ки амалиёт барои ошкору пайдо кардани аъзои дигари ин гурӯҳи қочоқбар идома дорад.
XS
SM
MD
LG