Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз натиҷаҳои интихоботи Арманистон расман эълон мешавад


Раффӣ Ҳованнисён ва ҷонибдоронаш ҳангоми эътироз
Раффӣ Ҳованнисён ва ҷонибдоронаш ҳангоми эътироз
Интизор меравад, ки Кумиссиюни марказии интихоботии Арманистон натиҷаҳои расмии интихоботи раёсати ҷумҳурии раёсати ҷумҳуриро эълон кунад. Ин интихобот 18 феврал баргузор шуд.

Раффӣ Ҳованнисён-вазири пешини корҳои хориҷӣ, ки дар ин интихобот дар мақоми дуввум қарор дорад, ба нақша гирифтааст, ки баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот нишасти хабарӣ баргузор кунад.

Рӯзи якшанбе тақрибан 4 000 нафар ҷонибдорони вай дар Ереван бар зидди натиҷаҳои муқаддамотии интихобот раҳпаймоӣ анҷом доданд.

Бино ба натиҷаҳои пешакӣ, Серж Саркисён-раиси ҷумҳури кунунӣ 58,6 ва Ҳованнисён 37 дарсад рай гирифтаанд.

Рӯзи якшанбе Ҳованнисён ба рӯзноманигорон гуфт, ки вай ба нақша гирифтааст, то дар давоми ҳафтаи ҷорӣ аз 21 шаҳри Арманистон боздид ва рӯзи панҷшанбе як тазоҳуроти дигар дар Ереван баргузор кунад.
XS
SM
MD
LG