Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писториусро то оғози мурофиа раҳо мекунанд


Писториус дар додгоҳ (акс аз 20 феврал)
Писториус дар додгоҳ (акс аз 20 феврал)
Додгоҳи Африқои ҷанубӣ дархости раҳоии чемпиони Бозиҳои паралимпӣ дар давидан Оскар Писториус дар ивази васиқаро пазируфт. Ӯ ба қатли қасдонаи дӯстдухтараш айбдор мешавад. Қозӣ Десмонд Нейр ҳукм кард, ки хатари фирори Писториус вуҷуд надорад ва ӯро метавон то оғози мурофиа озод кард. Вакилони Писториус мегуфтанд, ӯ хеле маъруф аст, ки фирор кунад. Ба гуфтаи додситонҳо, Писториуси 26-сола рӯзи 14 феврал аз дохили ҳаммоми бастаи манзилаш дар Претория Рива Стинкампи 29-соларо дониста паррондааст. Худи ӯ мегӯяд, Стинкампро дузд гумон карда буд. Писториус, ки поҳои сунъӣ дорад, дар Олимпиадаи Лондон бо варзишгарони солим рақобат кард ва дар ватанаш қаҳрамони варзиш шинохта мешуд.
XS
SM
MD
LG