Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёриҳои Амрико ба Душанбе имсол коҳиш хоҳад ёфт


Кумакҳои Амрико ба Тоҷикистон дар соли молии равон аз 45 миллион то 37,4 миллион доллар коҳиш хоҳад ёфт. Аз ҷумла ёриҳои низомии Вошингтон ба Душанбе имсол 9,8 миллион долларро ташкил хоҳад дод, ки низ аз 11,7 миллион доллари соли қаблӣ камтар аст. Дар маҷмӯъ ҷамъи ёриҳои байналмилалии Амрико дар соли ҷорӣ 13 дарсад кам мешавад. Вошингтон имсол барои тамоми Осиёи Марказӣ ироаи кумакҳо ба маблағи умумии 118,3 миллион долларро дар назар гирифтааст, ки нисбат ба 133,6 миллион доллари соли 2012 тақрибан 11 дарсад камтар аст. Сеяки ёриҳои имсолаи Амрико ба минтақа – 47 миллион доллар – барои Қирғизистон пешбинӣ шудааст. Узбакистон имсол аз Амрико 12,6 миллион, Туркманистон – 9,9 миллион ва Қазоқистон – 14,9 миллион доллар кумак дарёфт хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG