Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Қазоқистон афзоиш меёбанд


Дар шаҳри Душанбе масоили марбут ба ифтитоҳи хатсайрҳои нав миёни ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистону Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Хабаргузории “Азия Плюс” бо такя ба вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки як ҳайати вазорати нақлиёт ва мухобироти Қазоқистон ахиран вориди пойтахти Тоҷикистон шуд. Ба қавли манобеи хабаргузорӣ, дар музокирот мавзӯи таҳкиму густариши ҳамкориҳо ва ифтитоҳи хатсайрҳои нав миёни ду кишвар аз сӯи ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ мешавад. Ҳайати Қазоқистон, аз ҷумла, пешниҳод кардааст, ки хатсайри Душанбе-Остона-Душанбе ифтитоҳ шавад - то имрӯз миёни пойтахтҳо парвози ҳавопаймоҳо ба роҳ монда нашудааст.

Айни ҳол ҳавопаймоҳо аз Душанбе фақат ба Алмаато, пойтахти ҷанубии Қазоқистон, парвоз мекунанд. Парвозҳоро ширкатҳои “Сомон Эйр” ҳафтае ду бор, “Тоҷик Эйр” ҳафтае як бор ва “Эйр Астана” ҳафтае се бор анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG