Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машваратҳои Тоҷикистону Амрикоро муҳим арзёбӣ карданд


Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон натиҷаи машваратҳои сиёсии миёни амрикову Тоҷикистонро самарбахш арзёбӣ кардааст.

Дар машваратҳо Ҳамрохон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Роберт Блейк-ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико баргузор шуд ва ҳамчунин намояндагони мақомоти марбутаи давлатӣ ширкат карданд.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сомонаи худ зимни шарҳи ин нишаст гуфтааст, ки «зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод ва тиҷорат, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, обу энержӣ, вазъи ҳуқуқи инсон, амнияти марзҳо ва мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд».

Ҳамчунин, ба таъкиди ин манбаъ, дар ҷараёни нишаст масъалаҳои рушди зербинои наздимарзӣ ва бозсозии роҳҳо ва масъалаҳои обию зистмуҳитӣ баррасӣ шуда, ҷонибҳо мубодилаи фарҳангӣ ва таълимӣ миёни Тоҷикистон ва Амрикоро муҳим хонданд.
XS
SM
MD
LG