Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабзии Тоҷикистон дар Урали Ҷанубӣ боздошт шуд


Бино ба хабари як сомонаи Русия, дар Урали Ҷанубӣ Россельхознадзор 58 тон сабзии Тоҷикистонро боздошт кардааст ва интиқоли онро ғайриқонунӣ медонад.

Дафтари матбуотии Россельхознадзор хабар додааст, ки ин миқдор сабзӣ аз роҳи оҳан интиқол дода мешуд. Ин моли ворида бастабандӣ нашудааст, навъи сабзӣ муаяйн нест ва номи кишвари содиркунанда сабт нашудааст.

Бар зидди соҳиби мол барои нақзи қонунҳои Русия ҳангоми ворид кардани мол парванда боз шудааст.
XS
SM
MD
LG