Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси шаҳри Хоруғ барканор шуд


Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон 21 феврал ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки бо фармонҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми рӯзи чоршанбе Иброҳимбек Ғозибеков ба сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғ барканор ва Фаромурз Имомбердиев иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ таъин гардид. Фаромурз Имомбердиев қаблан дар умури амнияти Бадахшон кор мекард ва солҳои ахир дар соҳаи бонкдории шаҳри Хоруғ фаъолият доштааст.
Ҳамчунин, бо фармонҳои президенти Тоҷикистон раиси ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон Амоншо Наврӯзшоев ба сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа сабукдӯш ва Юсуф Султонноёбов ба вазифаи иҷрокунандаи раиси ин ноҳия таъин гардид.
XS
SM
MD
LG