Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Булғористон истеъфо дод


Баъди тазоҳуроти хушунатбори мардуми Булғористон, ки аз қимати гарони нерӯи барқ ва сатҳи пасти зиндагӣ ба хашм омадаанд, ҳукумати ин кишвар истеъфо дод. Бойко Борисов, нахуствазири Булғористон, рӯзи чаҳоршанбе дар порлумони ин кишвар гуфт: “Ман дар ҳукумате, ки дар аҳди он мардумро пулис мекубад, ҳузур нахоҳам дошт.” Бо эълони истеъфои ҳукуматаш, Бойко Борисов гуфт, “Ин мардум буд, ки моро ба қудрат нишонд ва мо имрӯз қудратро ба онҳо бармегардонем.” Рӯзи сешанбе дар ҷараёни бархӯрди маъмурони пулис бо тазоҳургарон дар шаҳри София, пойтахти Булғористон, чандин тазоҳургар захмӣ шуданд. Тазоҳурот, ки дар 5 шаҳри дигар ҳам баргузор шуд, бузургтарин эътироз дар 15 соли ахир дар Булғористон аст ва дар остонаи интихоботи порлумонӣ сурат гирифт, ки қарор аст, моҳи июл баргузор шавад. Бойко Борисов аввали ҳамин ҳафта, вазири молияро аз мақомаш барканор кард ва баъдан гуфт, ки ширкати чехии фурушандаи нерӯи барқ дар Булғористонро барои беш аз ҳад боло бурдани қиматҳо аз ҳаққи кор дар кишвараш маҳрум мекунад.
XS
SM
MD
LG