Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти Иброҳимӣ аз пешниҳоди муколама дар Сурия


Ахзар Иброҳимӣ
Фиристодаи СММ ва Лигаи Араб дар Сурия Ахзар Иброҳимӣ гуфт, аз даъвати раҳбари мухолифин ба муколама ба хотири хатми буҳрон ҳимоят мекунад. Иброҳимӣ рӯзи якшанбе дар Қоҳира дар пайи мулоқот бо дабири кулли Лигаи Араб Набил Арабӣ гуфт, пешниҳоди Муоз Хатиб, раҳбари эътилофи мухолифин “дарро боз карда, давлати Сурияро ба иҷрои суханҳои батакрораш дар бораи омодагии он ба муколама ва ҳалли мусолиматомез ба чолиш мекашад.” Эътилофи миллӣ, умдатарин гурӯҳи мухолифин рӯзи ҷумъа гуфт, ба раисиҷумҳур Башор Асад ва аъзои хадамоти амниятии ӯ иҷозати ширкат дар ягон навъ музокиротро нахоҳад дод. Димишқ талаби мухолифин ба истеъфои Асад ба хотири хатми буҳронро радд мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG