Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон словаки муттаҳам ба ҷосусиро раҳо кардааст


Матей Валух дар ТВ Эрон
Матей Валух дар ТВ Эрон
Як шаҳрванди Словакия, ки дар Эрон бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Амрико боздошт шуда буд, раҳо ёфта, ба ватанаш баргаштааст. Вазири хориҷаи Словакия Мирослав Лайчак рӯзи ҷумъа дар Братислава ҳамроҳ бо Матей Валухи 26-сола зоҳир шуд. Лайчак гуфт, Валух дар пайи музокироти “мушкилу мураккаб” раҳо ёфтааст. Валух ба хабарнигорон гуфт, ки ҷосус нест, вале аз посух ба суолҳо худдорӣ кард. Валух, ки бино ба хабарҳо, аз тобистон дар Эрон дар соҳаи мухобирот кор мекард, моҳи декабр ғайб зад. Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 16 январ “эътироф”-и ӯро нашр кард. Валух дар он барнома мегуфт, аз сӯи CIA истихдом шуда ва раҳбарии як ожонси шуғлро ҳамчун васила истифода мебурд. Маълум нест, ки оё Валух иттиҳомот дар Эронро таҳти фишор эътироф карда буд ё хайр.
XS
SM
MD
LG