Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қоҳираи Миср нишасти сарони СКИ идома дорад


Раҳбарони СКИ дар Қоҳира
Раҳбарони СКИ дар Қоҳира
Дар Қоҳира-пойтахти Миср мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ оғоз шуд. Дар он масъалаи муноқишаи Сурия ва мубориза бо тундравҳои Малӣ баррасӣ мешавад. Дар ин нишаст намояндагони ҳукумати Сурия ширкат надоранд.

Интизор меравад, ки ширкаткунандгон ҳукумати Сурия ва мухолифони сисёсиашро ба музокироти ҷиддӣ даъват кунанд, то ба хунрезиҳо дар Сурия поён дода шавад.

Миср раёсати давраии Созмони конфронси исломиро аз Сенегал қабул мекунад ва ин созмон 57 узв дорад. Тоҷикистон яке аз онҳост ва дар ин нишаст аз номи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷа ширкат дорад.
XS
SM
MD
LG