Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Шӯрои Амният алайҳи озмоиши ҳастаии Пхенян


Шӯрои Амнияти СММ ваъда дод, ки дар сурати ба озмоиши ҳастаӣ даст задани Кореяи шимолӣ, алайҳи ин кишвари инзивоъгаро иқдоми “шадиду қотеъ” рӯи даст хоҳад гирифт. Раҳбари кунунии Шӯро Ким Сук, ки сафири Кореяи ҷанубӣ дар СММ ҳам ҳаст, гуфт, Пхенян зоҳиран барои боз як озмоиши бомби ҳастаияш қариб омода шудааст. Ӯ афзуд, аъзои Шӯрои Амният “ҳамназаранд ва азми қотеъ доранд”, то ҳар навъ озмоиши ҳастаии Кореяи шимолиро “қасди хатарноки ба ҳам задани мақом ва эътибори Шӯрои Амният” бишиносанд. Шӯрои Амният дар пайи озмоиши мушакии моҳи декабр алайҳи Пхенян таҳримоти нав ҷорӣ кард. Кореяи шимолӣ бори охир дар соли 2009 бомби ҳастаияшро озмоиш карда буд.
XS
SM
MD
LG