Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Каспаров ва Пономарёв аз Қувватов


Гаррӣ Каспаров
Гаррӣ Каспаров
5 раҳбари мухолифини Русия дар як изҳороти муштарак аз муассиси “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов ҳимоят карда, аз мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб хостаанд, ки ӯро ба Тоҷикистон надиҳанд. Раҳбари Ҷабҳаи муттаҳидаи шаҳрвандӣ Гаррӣ Каспаров, раҳбари Иттиҳодияи “Русские” Александр Белов, узви раёсати ҳизби 5 декабр Денис Билунов, раҳбари Ҷабҳаи чап Сергей Удалтсов ва вакили Думаи давлатии Русия Иля Пономарёв дар ин изҳорот навиштаанд, мақомоти Тоҷикистон Қувватовро яқинан ба далоили сиёсӣ таъқиб доранд ва ӯ дар сурати истирдодаш дучори муҷозоти мудҳиш хоҳад шуд ва ҳаёту саломатиаш зери хатар хоҳад рафт. Умаралӣ Қувватов рӯзи 23 декабр дар Дубай бо дархости Душанбе дастгир шуд. Шарикони собиқи тиҷориаш дар Тоҷикистон ӯро ба сирқати 6 миллион сомонӣ айбдор мекунанд. Ӯ қабл аз тарки кишвар раҳбари ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон” буд, ки ба гуфтаи тарафдорони Қувватов, ҳоло ба яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG