Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз қатъи ҳамкории Русия нигарон аст


Виктория Нуланд
Виктория Нуланд
ИМА изҳори таассуф намудааст, ки Русия аз қарордоди дуҷонибаи ҳамкорӣ дар ҳифзи ҳуқуқ ва назорати маводи мухаддир берун шуд. Сухангӯи Департаменти давлатии ИМА хонум Виктория Нуланд дар ин бора мегӯяд:
Мо воқеан аз ин қарор мутаассиф ҳастем, зеро мо бар пояи ин қарордод бо Русия дар соҳаҳои ҳокимияти қонун, мубориза бо фасод, ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон, мубориза бо маводи мухаддир ва таҳкими кумакҳои ҳуқуқии дуҷониба ҳамкории самарабахш танзим намуда будем. Мо ҳамоно ба ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо ва масалан, боздошти маводи мухаддир ба ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия ҳозир ҳастем.”
Рӯзи чоршанбе ҳукумати Русия дар саҳифаи интернетиаш иброз дошт, ки қарордод “ба воқеият мутобиқ нест ва тавони худро аз даст додааст”.
Тибқи ин қарордод, ки соли 2002-ум имзо шудааст, ИМА ба Русия дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, қочоқи инсон, ҷиноятҳои марбут бо фанновариҳои интернетӣ ва шустушӯи пул кумак молӣ мерасонад. Қатъи ҳамкорӣ ба замоне рост омадааст, ки равобити ИМА ва Русия як давраи сардиро аз сар мегузаронанд. Алексей Пушков-раиси кумитаи равобити байналмилалии Думаи давлатии Русия мегӯяд, Маскав дар ҷараёни раҳоӣ аз вобастагӣ ба Вашингтон аст.
XS
SM
MD
LG