Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Амрико барои мубориза бо ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон


Амрико барои тавсеаи мубориза алайҳи ҷинояткорон дар Тоҷикистон мошинҳои замонавиро дар ихтиёри мақомоти интизомии ин кишвар гузоштааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 30- январ ба Радиои Озодӣ гуфт, сафорати ИМА дар Душанбе ба Вазорати корҳои дохилӣ 5 адад микроавтобус ва ду адад мошини сабукрав тақдим кардааст. Ин мошинҳо ба ихтиёри гуруҳи таъиноти махсуси милитсияи ин вазорат гузошта шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, мошинҳои замонавӣ имкон медиҳанд, кормандони гуруҳи таъитноти махсус саривақт ҷиноятҳоро пешгирӣ ва ошкор кунанд.

Маросими тақдими мошинҳо бо иштироки муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Саидхон Ҷурахонов ва Патрик Беллингер, сардори минтақавии амнияти сафорати ИМА баргузор шудааст.
XS
SM
MD
LG