Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои додгоҳии Рустам Ҳукумов алайҳи “Имрӯз News”


Рустам Ҳукумов – писари раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ – нашрияи “Имрӯз News”-ро ба додгоҳ кашида, 50 000 сомонӣ ҷуброн талаб кардааст. Ношири ин хабар – бахши русии ББС – менависад, Рустам Ҳукумов аз додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, даъвои ӯ алайҳи як матлаберо, ки нашрия моҳи октябр чоп кардааст, пушти дарҳои баста баррасӣ кунад. Рустам Ҳукумов дар соли 2008 бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Русия дастгир шуда, исмаш дар соли 2011, дар пасманзари моҷарои боздошти ду халабони рус дар Тоҷикистон вирди забони матбуот шуд. Рустам Ҳукумов моҳи декабри соли 2011, як моҳ баъд аз раҳоии он ду халабон, аз боздошт дар Русия раҳо ёфт ва ба Тоҷикистон баргашт.
XS
SM
MD
LG