Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

234 сомонӣ ҷаримаи як мард барои беэҳтиромӣ ба ҳамсараш

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як мардро барои баҳсу муноқиша бо ҳамсараш 234 сомонӣ ҷарима кардааст.

Ба иттилои додгоҳ, ин мард нимашаби 5-уми феврал "бо ҳамсараш баҳсу муноқишаи оилавиро ба миён оварда, нисбаташ беҳурматӣ зоҳир намуда, суханҳои қабеҳ гуфта, нисбаташ зӯровариро раво дидааст".

Назари ин мард ба қазия маълум нест. Сомонаи Додгоҳи Хуҷанд навиштааст, мард "ба гуноҳаш пурра иқрор гардида, аз кирдори содирнамудааш софдилона пушаймонӣ изҳор намуд".

Ба гузориши сомонаи Додгоҳи Хуҷанд, алайҳи ин мард бар асоси моддаи 93 иловаи 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо таъйин шудааст. Ин банди қонун риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оиларо пешбинӣ мекунад.

Хушунати хонаводагӣ аз масъалаҳои нигаронкунанда дар Тоҷикистон гуфта мешавад. Ба иттилои расмӣ, соли 2025 беш аз 3600 шикоят аз хушунат дар хонаводаҳо сабт гаштааст. Ин 403 маврид зиёдтар назар ба соли 2024 мебошад.

Хушунати хонаводагӣ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҷурми ҷиноӣ нест. Мақомот солҳо боз ният доранд, ки онро ҷурми ҷиноӣ бишносанд, вале ин кор то кунун сурат нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG