Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин дар Миср таҳдиди таҳрими интихоботро карданд


Шӯрои мудофиаи миллии Миср таҳти раёсати раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ хостори муколамаи умумимиллӣ шуд. Ҳамзамон ин Шӯро имкони ҷорӣ кардани қуюди шабгардӣ дар минтақаҳои гирифтори бархӯрдҳоро аз эҳтимол дур намедонад.

Бар пояи хабарҳо, дар задухӯрдҳо дар шаҳри Порт-Саид 31 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 300 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Одамон ба нишонии эътироз алайҳи ҳукми эъдоми 21 нафари муттаҳам дар ташкили бенизомиҳо ва ҳалокати одамон дар варзишгоҳи шаҳр дар тақрибан як соли пеш ба хиёбонҳои шаҳр рехтанд ва талоши забти боздоштгоҳро карданд.

1 феврали соли гузашта бар асари бенизомиҳо баъд аз бозии футбол миёни дастаҳои маҳаллии “Масрӣ” ва “Аҳли”-и Қоҳира дар варзишгоҳи шаҳри Порт-Саид 74 нафар ба ҳалокат расида, беш аз ҳазор каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Бархӯрди оммавӣ баъди он шурӯъ шуд, ки дастаи маҳаллӣ ҳарифашро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод. Мухолисони дастаи “Аҳлӣ” ба футболбозон ва мухлисони дастаи рақиб ҳамла карданд. Бенизомиҳо дар шаҳр рӯзи дигар ҳам идома доштанд ва дар онҳо боз 16 нафар ҷон бохтанд.

Додгоҳ ҳамаи 21 нафарро дар ташкили бенизомиҳо ва куштори одамон муттаҳам хонд. Қарор аст ҳукми 52 муттаҳами дигар моҳи март эълон мешавад.

Рӯзи шанбе ҳамчунин нерӯҳои низомӣ ва тонкҳо ба шаҳри Суэтс ворид карда шуданд, то аз идомаи бенизомиҳо дар ин шаҳр ҷилавгирӣ шавад.Беназмиҳо дар ин ва дигар шаҳрҳои Миср алайҳи ҳукумати Мурсӣ дар солгарди ошӯби зидди режими Ҳуснӣ Муборак шурӯъ шуданд.

Мухолифини ҳукумати Миср мегӯянд, агар раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ роҳҳалли муносиби бӯҳрони сиёсии феълиро пайдо накунад, онҳо интихоботи парлумониро таҳрим мекунанд. Эътилофи аҳзоби мухолиф пешниҳод кардааст, ки то рӯзи интихобот дар кишвар "ҳукумати наҷоти миллӣ" таъсис шавад.
XS
SM
MD
LG